Солҳо пас: иттифоқи назари Русияву Тоҷикистон сари омори муҳоҷирин

© Sputnik / Евгения НовоженинаНачальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-майор полиции Валентина Казакова
Начальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-майор полиции Валентина Казакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Русияву Тоҷикистон сари омори муҳоҷирин ба як иттифоқи назар расиданд. Солҳо ба ин сӯ яке як рақам медод, дигаре дигар
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Генерал–лейтенанти милиса Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, омори зоҳиран мухталиф дар бораи теъдоди муҳоҷирини тоҷик, ки аз сӯи мақомоти Русия ва Тоҷикистон ироа мешаванд, дар асл аз ҳамдигар фарқ намекунанд.
“Дарвоқеъ, рақамҳо тафовуте надоранд. Ман дар мавриди омори асноде гуфтам, ки барои кор такмил шудаанд. Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон на фақат барои кор меоянд. Онҳо барои сайру саёҳат ва иқомати доимӣ низ меоянд. Қабл аз соли пандемия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтуомад кардаанд. Ҳамаи онҳо ба кор намеоянд, ё дар аснод корро ҳадафи омадани худ нишон намедиҳанд. Ин масъалаи дигаре аст. Агар дар мавриди асноди расмӣ сӯҳбат кунем, омори мо бо тарафи тоҷикӣ мутобиқат дорад. Ин ҳама додаҳои омориянд”, - гуфт Валентина Казакова.
Мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВУД Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Раҳимзода ва Казакова ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён дар Русияро баррасӣ карданд
Дар гузашта омори муҳоҷирини тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд, аз сӯи мақомоти ду кишвар ба гунаи мухталиф ироа мешуд.
Агар даҳ соли қабл Русия мегуфт, дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунад, ин рақам дар омори расмии Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор нафар нишон дода мешуд.
Ба ҳамин минвол, то замони пандемия Русия теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро беш аз 1 миллион ва Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор ҳисоб карда буд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сари мавзӯи омор ҳанӯз моҳи феврали соли равон бо мақомоти Русия ба як тавофуқ расида буданд ва онҳо низ мутаваҷҷеҳи вазъ шуданд.
Заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Русия тасмим дорад бақайдгирии муҳоҷиронро осонтар кунад
“Русия ҳар нафареро, ки аз кишвари мо ба он кишвар ворид мешуд, муҳоҷири корӣ арзёбӣ мекард, ҳол он ки як қисмати бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон донишҷӯ, корафтода, сайёҳ, мариз, аъзои оилаи муҳоҷирин ва дигарон низ буданд. Тоҷикистон муҳоҷири меҳнатӣ гуфта, қувваи корӣ ва нафареро дар назар дорад, ки барои кор ба Русия меравад”, - гуфт Ширин Амонзода.
Ба ҳамин минвол, аз сӯҳбатҳои мақомоти ду кишвар бармеояд, ки зоҳиран ихтилофи назарҳо сари омори муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бо ҳамин фурӯкаш мешаванд.
Аммо оё ин омори расмӣ низ воқеиятро бозгӯй мекунад, ё хайр, мавзӯъи дигар аст, зеро бино ба иттилои ғайрирасмӣ, теъдоди муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия хеле фаротар аз марзҳои сад ҳазоре, ки Тоҷикистон ва миллионе, ки Русия мегӯянд, аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала