Барои мубориза бо коронавирус: Путин даҳаи аввали майро пурра истироҳатӣ эълон кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин , архивное фото
Президент РФ Владимир Путин , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, розӣ шуд, ки бо имзои як фармон даҳаи аввали моҳи майро пурра истироҳатӣ эълон кунад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Путин розӣ шуд, ки рӯзҳои байни таътилоти моҳи майро низ ғайри корӣ кунад.
Бар асоси фармони президенти Русия, ки Владимир Путин 23 апрел имзо кард, аз 1 то 10 май дар кишвар бидуни танаффус таътил хоҳад буд.
Қаблан раиси “Роспотребназдор” Анна Попова бо пешниҳоди истироҳатӣ эълон кардани рӯзҳои миёни ду иди моҳи май ба Путин муроҷиат карда буд.

"Агар шумо фикр кунед, ки ин зарур аст, хуб мо инро иҷро хоҳем кард. Имрӯз ман фармони дахлдорро имзо мекунам", - гуфт Путин.

Раисиҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки ин тасмим дар доираи чораҳо барои мубориза бо коронавирус дар кишвар гирифта шуд.
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд: якеаш иди Рамазон
"Борҳо ҳамкоронро даъват карда будам, ки ба маслиҳати мутахассисон гӯш диҳанд, ба машварати онҳое, ки бо ин сироят мубориза мебаранд", - таъкид кард ӯ.
Қаблан интизор мерафт, ки дар Русия аз 1 то 3 май ва аз 9 то 10 май истироҳатӣ хоҳанд буд. Бар асоси тасмими нав истироҳат дар даҳаи аввали моҳи май бидуни танаффус хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала