Тоҷикистон назоратҳои беҳдоштӣ бар вуруди мусофиронро ташдид кард

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон омада метавонанд, лекин мусофирон аз баъзе кишварҳо аз назорати махсус мегузранд
ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Тоҷикистон назоратҳои беҳдоштӣ бар вуруди мусофиронро ташдид кард.
Вазорати тандурустӣ гуфтааст, мусофирони хатсайрҳо аз Истанбулу Кобул бояд аз санҷиши махсус гузашта, инчунин аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд. Дар ин бора "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ гузориш медиҳад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, айни замон шаҳрвандон ҳамаи кишварҳо тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон омада метавонанд, лекин мусофирон аз баъзе кишварҳо аз назорати махсус мегузранд.
“Шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шуда метавонанд. Дар сурате, ки омадани шаҳрвандони хориҷӣ лозим бошад, масалан сафарҳои корӣ ё вуруди кормандони машғули кор дар Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии ин кишвар ё ширкатҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд”, - хабар дод Ҷаъфаров.
Ӯ гуфт, барои ворид шудан ба Тоҷикистон маълумотнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус, ки 72 соат то расидан дода шудааст, талаб мешавад, лекин мусофирони баъзе кишварҳо тести иловагӣ месупоранд.
Флаги Турции и ЕС в Стамбуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст
“Мусофиронеро, ки аз Русия, АМА, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба кишвар роҳ медиҳанд.
Лекин мусофирон аз Истанбулу Кобул дар фурудгоҳи Душанбе аз санҷиши махсус гузашта, тести иловагӣ месупоранд. Ҳамчунин ба онҳо тавсия дода мешавад, ки муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишаста, натиҷаҳои тестро мунтазир шаванд”, - гуфт сардори Раёсат.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки дар Туркия вазъи эпидемиологӣ шиддат гирифта, Афғонистон ноамн аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала