"Худро ҳаво дод, вале боркаш ба болояш чаппа шуд": ҳалокати фоҷиабори ронанда дар Суғд

© Пресс-служба МВД Таджикистана ДТП с участием автомобиля ЗИЛ
ДТП с участием автомобиля ЗИЛ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Ронанда ба хотири наҷот худро аз дохили боркаш ҳаво дод, вале мошин бо бори гарон ба болояш чаппа шуд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як садамаи мудҳиш хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.
Бино ба гузориши КҲФ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 25 апрел, тахминан соати 04:00 ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳалокати се ҷавони душанбегӣ бар асари садамаи нақлиётӣ дар Файзобод
Учения КЧС РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Таркиш не: шарҳи мақомот дар бораи оташгирии маргбори “Старекс” бо 11 ҷавон
Гуфта мешавад, мошини тамғаи ЗИЛ, ки аз ҷониби сокини 32-солаи деҳаи Чаманзор, ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идора мешуд, ба сангкашонӣ машғул буд, ки баногаҳ тормозҳояш аз кор монд ва ронанда дигар натавонист онро дуруст идора кунад
"Шояд аз тарс буд ё саросемагӣ, худро ба умеди наҷот аз кабинаи мошин берун ҳаво дод. Вале шӯрбахтона мошини Зил бо ҳама бори вазнинаш болои ронанда чаппа шуд ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабарнома.
КҲФ мегӯяд, ронанда марҳум оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала