Cарояндагони 15 давлат сурудҳои давраи ҶБВ - ро ба забони модариашон мехонанд - видео

Дар остонаи Рӯзи Пирӯзӣ дар Қрим фестивали солонаи байналмилалии мусиқии "Роҳ ба Ялта" баргузор мешавад, ки дар он сурудҳои солҳои ҷанг бо забонҳои модарии иштирокчиён садо медиҳанд
Рӯзи 29 апрел даври нимниҳоии мусобиқа дар Ялта баргузор мешавад.
Дар он намояндагони 15 кишвар: Австрия, Аргентина, Британияи Кабир, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Канада, Чин, Латвия, Лаҳистон, Португалия, ИМА, Туркия, Фаронса ва Шветсия ширкат мекунанд.
Ҳамовозии Аслишо Акимбеков ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ
Ғолибонро аъзои ҳакамон муайян мекунад, ки ба ҳайати он навозандагон, ходимони фарҳанг ва санъати маъруфи Русия ва хориҷӣ шомиланд.
Рӯзи 1 май дар даври ниҳоии фестивал иштирокчиён бо сарояндагони Русия дугонсароӣ (дуэт) мекунанд.
Хазинаи умумии ҷоизаи мусобиқа имсол 60 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Ҳамовозии Таҳмина Ниёзова ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ
Мусиқачиён инчунин барои дарёфти Ҷоизаи интихоби мардум, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии онлайн дар торнома муайян мешавад, рақобат хоҳанд кард.
Ташкилкунандагон натиҷаҳои онро дар гала-консерт эълон хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала