Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Оғози парвози нав аз Хуҷанд рост ба Владивосток

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксПассажирский авиалайнер Airbus A320 авиакомпании "S7 Airlines"
Пассажирский авиалайнер Airbus A320 авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Қарор аст, нахустин парвози ҳавопаймоӣ дар масири Хуҷанд- Владивосток, сурат бигирад. Зимнан ин аввалин парвоз ба ин шаҳри Русия гуфта мешавад, ки онро рӯзи 30 апрел ширкати ҳавонавардии "Сибир" S7 Airlines иҷро хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Сибир" S7 Airlines дар шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки парвоз дар масири Хуҷанд-Владивосток ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ба нақша гирифта шудааст.
Қиммати билет 9, 5 ҳазор сомонӣ аст.
“Ин хатсайри нав аст, ки мусофиронро бидуни фуруд ба ягон шаҳр, рост ба ин шаҳр мерасонад. То ин замон муҳоҷирон, барои расидан ба Владивосток (Шарқи Дур), ба Новосибирск ё дигар шаҳри Русия фуруд омада, боз чанд соати дигар роҳро то Владивосток тай мекарданд”, афзуд манбаъ.
Зимнан ин аввалин парвози аз Хуҷанд ба ин шаҳри Русия гуфта мешавад, ки онро ширкати ҳавонавардии "Сибир" S7 Airlines ба иҷро хоҳад расонд.
Дар ҳоли ҳозир ин ширкати ҳавонавардӣ бо тартиб додани нақшаи парвозҳо дар ин масир, барои гирифтани иҷозатнома ба унвони Агентии авиатсияи гражданӣ ва Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон муроҷиат намудааст.
Пассажирский самолет  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Аз арзоншавии нархи чипта то мушкили камбуди парвозҳо ва фурудоии тоҷикон дар Қирғизистон
Дар ҳоли гирифтани муҷовиз ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа аз Хуҷанд ба Владивосток парвоз анҷом дода мешавад. Вақти парвоз дар ин масир 7 соати 30 дақиқа гуфта мешавад. Қаблан ин ширкат парвозҳои чартерӣ аз Кӯлоб ба шаҳри Иркутск и Русияро роҳандозӣ намуда буда.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ танҳо як тарафа сурат мегирад. Ширкатҳои ҳавонавордии Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба ҷониби Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, ширкати “Somon Air” шаҳрвандони кишварро аз Русия то ба Душанбе мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала