Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Мансаби нави тарҷумон ва "дасти рост" - и Президент: амри Раҳмон

© акс аз котиботи раисиҷумуҳури ТоҷикистонШермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумони Президент, сардори Хадамоти ташрифоти Президент
Шермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумони Президент, сардори Хадамоти ташрифоти Президент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарҷумонаш Шермуҳаммад Раҷабзодаро аз вазифаи муовини сардори Хадамоти ташрифоти Президент барканор кард
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки аз ӯ “дасти рост”- и президент низ ном мебаранд, сардори Хадамоти ташрифоти Президент таъйин карда шуд.
Амри раисиҷумҳур дар бораи таъйиноти Раҷабзода баъди зуҳри 27 апрел аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.
Фарҳод Салим, муовини навтаъйини вазири умури хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйини писари Абдулмаҷид Достиев ба мақоми муовини вазир баъди 5 моҳи барканорӣ
То ҳол Раҷабзода дар мақоми муовини сардори Хадамоти ташрифоти раисиҷумҳур кор мекард ва Эмомалӣ Раҳмонро дар аксари сафарҳои хориҷияш ба ҳайси тарҷумон ҳамроҳӣ менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан аз Шермуҳаммад Раҷабзода тавсиф кард, ки як бачаи куҳистоние мебошад, ки забонҳои зиёдро аз худ кардааст.
Дар тағйироти кадрии имрӯза инчунин Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик мақоми нав гирифт.
Фарҳод Салим моҳи декабри соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мақоми сафир дар ИМА ба далели гузаштан ба кори дигар барканор шуда буд ва акнун муовини вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Инчунин Имомӣ Содиқ низ ба мақоми муовини вазири хориҷии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Ӯ то ҳол сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд.
Ганизода Гулчехра Сами, Заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Муаллимае, ки муовини вазир шуд: Гулчеҳра Ғанизода кист?
Шерализода Шараф Аҳмадҷон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.
Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиду ҷои ӯро Ғанизода Гулҷеҳра Самӣ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала