Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки рублу евро майли гаронӣ дошта, доллар мисли пештара дар як зина устувор қарор дорад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1508 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки дар охири ҳафтаи гузашта афзоиш ёфт, имрӯз сатҳи 13,6768 сомониро барои як евро нишон медиҳад.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Нигаронии иқтисоддонҳо аз коҳиши босуръати доллар дар ҷаҳон
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6768 то 13.7500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1508 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала