Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст

© Sputnik Пограничный пост, архивное фото
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
КДАМ Тоҷикистон гуфт, хабари забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Тоҷикистон бардурӯғ буда, характери иғвоангезона дорад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Тоҷикистонро бепоя хонд.

Бино ба гуфти КДАМ , хабар дар бораи забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таъиноти махсуси "Бору"-и хадамоти марзбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки характери иғвоангезона дорад, навиштааст, АМИТ "Ховар".

Дар ин росто, КДАМ аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.
Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомонӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд. Ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбас санад имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Ному акси тоҷикистониҳои ҳалокшуда: қурбониёни умумии даргирӣ ба 40 нафар расид – видео
Ёдрас мешавем, пештар, шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Военные в селе Ходжа Ало - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ бармегардонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала