Марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнин овардааст

© © Пресс-служба ЦВОВ Таджикистане специалисты РЭБ осуществили блокировку каналов управления и навигации БПЛА условного противника
В Таджикистане специалисты РЭБ осуществили блокировку каналов управления и навигации БПЛА условного противника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон техникаи вазнини низомӣ дар хатти марзро ҷамъ оварда истодааст. Тоҷикистон ин иддаоро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ҳолати 15:00 – и 1 май вазъ дар марзро мураккаб хонда, иддао дорад, ки ҷониби Тоҷикистон техникаи вазнинро дар хати марз ҷамъ овардааст.
Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар ҷамъоварии техникаи вазнин бархилофи созишҳои қаблан ҳосилшуда айбдор кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон аз қавли котиботи марзбонӣ. Таъкид шудааст, ки Уларбек Шаршеев, фармондеҳи марзбонии Қирғизистон барои музокирот бо ҷониби Тоҷикистон рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил хоҳад шуд.
Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад. Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.
“Президентҳо созиш кардаанд, ки Комиссияи муштарак барои ревизияи техникаи низомӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда мешавад”, - таъкид кардаст котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд. Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала