Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ревизия: Раҳмону Ҷабборов барои санҷиши қувваи ҳамдигар дар марз созиш кардаанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксУчения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото
Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки комиссияи махсус барои санҷиши тарафайни техника дар наздикии марз ташкил карда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад.
Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.
"Президентҳо созиш кардаанд, ки Комиссияи муштарак барои ревизияи техникаи низомӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда мешавад", - таъкид кардаст котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Роҳбарон зикр кардаанд, ки дар айни ҳол Комиссияи байниҳукуматӣ барои ҳалли масоили мавҷуда кор бурда истодаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
Президентҳо махсусан таъкид намудаанд, ки ба иғвоангезиҳое, ки вазъро ноором месозанд, набояд роҳ дод.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як иттилоия ба ҳолати 12:45 дақиқаи 1 май, вазъро дар марз мураккаб арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки низомиёни тоҷик дар мавзеи Аркаи ноҳияи Лейлек сӯи хонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки қаблан сокинонашон ба дигар ҷой кӯчонда шуданд, оташ кушодаанд.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо
Таъкид шудааст, ки нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати мудофиавӣ қарор гирифтаанд.
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик, иддао дар бораи тирпарронӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, техникаю нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре маълум шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд.
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала