Вазири қирғиз аз ҳалокати 2 шаҳрванди дигар хабар дод

© Sputnik / Табылды КадырбековМинистр здравоохранения и социального развития Алымкадыр Бейшеналиев. Архивное фото
Министр здравоохранения и социального развития Алымкадыр Бейшеналиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Обуна шудан
Алимқодир Бейшеналиев, вазири тандурустии Қирғизистон, аз афзоиши ҳалокшудагону маҷруҳон бар асари даргирӣ дар марз бо Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Теъдоди қирғизистониҳои кушташуда бар асари даргирӣ дар марз ба 33 нафар расид, хабар дод вазири тандурустии ин кишвар Алимқодир Бейшеналиев.
“Ахиран боз ду ҳалокшуда ва ду маҷруҳ оварда шудаанд”, - хабар додааст Sputnik Қирғизистон нисфирӯзи 1 май аз қавли вазири тандурустӣ, Бейшеналиев.
Шоми рӯзи 30 апрел Қирғизистон аз 31 куштаю 154 захмӣ хабар дода буд, ки 121 нафарашонро шаҳрвандони мулкӣ гуфт.
Мақомоти Тоҷикистон расман ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз марги то 10 нафару ҷароҳати беш аз 100 нафар дар пайи ин даргирӣ хабар медиҳанд.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як иттилоия ба ҳолати 12:45 дақиқаи 1 май, вазъро дар марз мураккаб арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки низомиёни тоҷик дар мавзеи Аркаи ноҳияи Лейлек сӯи хонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки қаблан ба дигар ҷой кӯчонда шуданд, оташ кушодаанд. Таъкид шудааст, ки нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати мудофиавӣ қарор гирифтаанд.
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик иддао дар бораи тирпарронӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, техникаю нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре маълум шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор мешавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0