Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео

© Аз саҳифаи Отурбек Рахманов дар ФейсбукМузокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Ҷузъиёти протокол то ҳол маълум нест. Санадро сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар Камчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов имзо карданд.
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ятимов ва Тошиев то соати 03:00 -и шаби якум ба дуюми май идома кард.
Санадро сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов имзо карданд.
Ҷузъиёти протокол то ҳол маълум нест.
Шоми рӯзи гузашта ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки муайянкунии сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик оғоз хоҳад ёфт - гурӯҳҳои корӣ супориш гирифтанд, ки дар ояндаи наздик қисматҳои боқимондаи сарҳади давлатиро муайян кунанд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Овоза: шаб дар Хистеварз чӣ гузашт ва чаро мардум аз хона фирор карданд?
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала