Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Овоза: шаб дар Хистеварз чӣ гузашт ва чаро мардум аз хона фирор карданд?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в городе
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Масъулони ҳукумат саривақт дурӯғ будани ин хабарро собит намуда, сокинонро ба хонаҳояшон баргардониданд
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Садҳо нафар сокинони ҷамоати наздимарзии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайи паҳни хабари бардурӯғ аз ҷониби афроди ғоратгар, ба таҳлука омада, шабонгоҳ хонаҳои худро тарк карданд.
Аммо масъулин саривақт сокинонро ба хонаҳояшон баргардониданд.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз собит аст - ВКД Қирғизистон
Уғулой Қосидова, масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, паҳни хабари бардурӯғ дар Хистеварз кори афроди ғоратгар буд, ки аз вазъи баамаломада дар марз истифода намуда, дар миёни мардум таҳлука ба вуҷуд оварда, хостанд аз ин нафъ бардоранд.
“Афроди ҷиноятпеша бо расонидани ин овоза мардумро ба воҳимаву таҳлука гирифтор намуда, хостанд дар ҳоли холӣ мондани хонаҳо бар нафъи худ истифода кунанд. Зимнан, аз сӯи мақомот ба ҷӯстуҷӯи ин гуна ашхоси бадкирдор, ки мардумро беҳуда сарсон карданд, шурӯъ шудааст”, - гуфт Қосидова.
Дар пайи паҳни овозае, ки гӯё “қирғизҳо ба ин деҳа ҳамла мекунанду, онҳо хонаҳояшонро холӣ кунанд” шоми гузашта, садҳо сокинони Хистеварз дар шиддати таҳлукаву ҳарос ҳамроҳ бо хонаводаҳояш савори мошинҳо ба қасди рафтан ба Хуҷанд ва дигар макони амн аз манзили худ берун шуданд.
Аз аксу наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд, дар ин вақти шаб, роҳи Хуҷанд-Ғафуров аз ҳисоби мошини сокинони Хистеварз пур шуда, ва тамбашавии ҳаракат ба амал омадааст.
Уғулой Қосидова гуфт, ниҳоят то саҳари рӯзи 2 май ҳамаи сокинони Хистеварз дурӯғ будани ин хабари ба онҳо расонидаро дарк намуда, ба хонаҳои худ баргаштанд.
“Ҳоло сокинон дар хонаҳои худ қарор дошта аз пайи кору бори рӯзгори худ ҳастанд”, - афзуд Қосидова.

Бовар накунанд ва ба хонаҳояшон баргарданд

Кормандони ҳукумат, аз ҷумла раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ва мақомотҳои ноҳиявӣ то соати 3 и саҳари 2 май дар кӯчаву маҳаллаҳо корбарӣ намуданд.
Хонандагони мактаби махсус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Рафтем, ба хона: ду навраси қирғиз дар Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд
Масъулони ҳукумати ноҳия аз сокинон даъват намудаанд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва ба таҳлука наафтанд, зеро вазъи марз бо Қирғизистон ором аст.
Хистеварз яке аз калонтарин ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб мешавад, ки беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад.
Ба ҳисоби Овчӣ Қалъача ин дуюмин ҷамоати ҳамсарҳад бо кишвари Қирғизистон мебошад. Хистеварз ба ҳисоби 22, 5 километр ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала