Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вокуниши Туркия ба танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Ҳамчунин Афғонистон ва Эрон низ ба қазияи марзӣ вокуниш карданд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Як қатор кишварҳо дар робита ба муноқишаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз изҳороти расмӣ доданд.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу ба даст овардани созишномаи сулҳ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ситоиш кард.
Вазири корҳои хориҷии Туркия ба омодагии Анқара "барои расонидани ёрии ҳамаҷониба дар ҳифзи сулҳ ва ба эътидол овардани муносибатҳо" байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ишора кард.
Эрон инчунин барои дастгирии кишварҳо розӣ шуд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода қайд кард, ки Эрон аз задухӯрдҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Захарова: Русия омода аст дар ҳалли баҳси Душанбе ва Бишкек кумак кунад
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳори умедворӣ кард, ки амалкарди роҳбарияти ҷумҳуриҳо боиси ҳалли мусолиматомези ҳаргуна баҳсҳои марзӣ хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бениҳоят зиёд дошта бошад.
"Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст. Афғонистон чунин мешуморад, ки идомаи танишҳо ва муноқишаҳои мусаллаҳона ҳам барои ин ду давлат ва ҳам ба суботи минтақавӣ манфиате надорад".

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.
Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вокуниши Русия ба даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала