Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз

© Фото : Зульфия ТургуноваМестные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Мақомоти расмӣ дар вилояти Суғд бо гузашти ду рӯз таъйид намуданд, ки як гурӯҳи боздоштшудагони қирғзро ба кишварашон таслим кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳ нафаре, ки расонаҳои Қирғизистон дар бораашон хабар додаанд, рӯзи 1 май пас аз тавофуқи ҳосилшуда миёни раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар дар Бодканд раҳо шуда буданд.

“Нерӯҳои марзбонии мо онҳоро дар минтақаи нейтрали миёни Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ба ҳамтоёни қирғизашон таслим намуданд. Саломатии ҳамаи онҳо хуб буд. Дигар ягон боздоштшуда дар дасти ҷониби мо нест. Хушбахтона, бино ба маълумоти мо, ягон боздоштшуда ҳам дар дасти он тараф надорем. Ҳоло вазъи марз ором, зиндагӣ ба маҷрои пешина бармегардад”, - гуфт ин манбаъ.

1 май, баъзе аз расонаҳои хабарии қирғизӣ, аз ҷумла Sputnik Қирғизистон бо такя ба манобеъи худ аз мақомоти низомӣ ва бо нашри навру чанд акс навишт, ки сокинони боздоштшудаи ин кишвар аз Исфара озод карда шуданд. Бино ба иттилоъи ин расона, гаравгонҳо даҳ нафар буда, дар ин шумор Мирзабек Ҷумъабаев, раиси деҳаи Интернатсионалист будааст.
Военные в селе Ходжа Ало - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон омори кушташудаҳо ва захмиёни низои марзиро нашр кард
“Ҳамаи онҳо соати 20:00 дар пайи гуфтушунидҳои раисони вилоятҳои Ботканд Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷоббой Аҳмадзода ба кишвар баргардонида шуданд”, - иттилоъ дода буд Sputnik Қирғизистон.
Даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел шурӯъ шуда, рӯзи 30 апрел ба анҷом расиданд. Расонаҳо аз даҳҳо куштаву садҳо захмӣ, ба оташ кашидани даҳҳо манзил аз ду ҷониб хабар медиҳанд. Аммо то ба ҳол омору пайомадҳои ин даргириҳо пурра анҷом нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала