Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев гуфт, дар протоколе, ки ӯ ва Ятимов имзо карданд, чӣ навишта шудааст: ҷузъиёт

© Аз саҳифаи Отурбек Рахманов дар ФейсбукМузокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, дар протоколе, ки ахиран миёни мақомоти ду кишвар имзо шуд, чӣ навишта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Рӯзноманигорон пурсиданд, дар протоколе, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов имзо кардаанд, кадом нуқтаҳо мавҷуданд?

"Протокол пойдор намудани сулҳро дар тамоми қитъаҳои марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад: хурӯҷи техникаи вазнин, хурӯҷи нерӯҳо, ба истиснои марзбонон. Дар он ҷо банде низ ҳаст, ки ҷонибҳо ӯҳдадор шуданд фавран нерӯҳояшро аз қаламрави давлати дигар хориҷ кунад", - посух дод Тошиев.

Ӯ афзуд, ки барои иҷрои ин нуқот комиссия таъсис дода мешавад ва кор аз рӯи ин протокол пеш аз муноқиша низ давом дошт, менависад Sputnik Қирғизистон.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Агар медонистед дар марз ҷанг мешавад, чаро ба Олмон парвоз кардед? - посухи Тошиев: видео
Ёдрас мешавем, ки ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд ва гуфтушунид то соати 03:00 -и шаби якум ба дуюми май идома кард.

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
Лентаи хабарҳо
0