Оҷонсиии зидди фасод хизматчии корхонаеро барои гирифтани мукофот боздошт кард

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Оҷонсиии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди Корхонаи давлатие хабар медиҳад, ки даро гирифтани мукофотпулӣ муттаҳам мешавад.
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат кор карда истода даст ба чунин кор задааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
10 000 сомонӣ пора - барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Абдулхайров И.Р. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Моддаи 324 гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ буда, бар асоси он ба фарди муттаҳам ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала