Нархи бензин дар Тоҷикистон боз гарон мешавад? Қазоқистон содироти маводи сӯхтро боздошт

© Pixabay / ElyPennerЦистерна прицепленная к грузовику, архивное фото
Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Қатъи содироти маводи сӯхт аз ҷумла бензин аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон бахши бузурги ин маводро маҳз аз Қазоқистон ворид мекард
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вазорати энержии Қазоқистон бо судури ҳукме содироти бензин, сӯхти дизел ва бархе фаровардаҳои нафтӣ аз ин кишварро мамнӯъ кард.
Бар асоси ин дастур, содироти бензину маводи сӯхт ва дигар фаровардаҳои нафтии Қазоқистон аз тариқи роҳ ба муддати шаш моҳ мамнӯъ мешавад.
Вазорати энержии Қазоқистон ин иқдомро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз камбуди маводи сӯхт дар бозори дохилии ин кишвар анҷом додааст.
Автозаправка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
Мамнуияти содироти сӯхт аз Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон бахши бузурги маводи мазкурро аз ин кишвар ворид мекунад.
Бар ин асос эҳтимол меравад, ки мамнуияти содироти маводи сӯзишворӣ аз Қазоқистон боиси афзун шудани нархи бинзену дигар маводҳои сӯхт гардад.
Ҳанӯз ду моҳ пеш низ ба далели коҳиши воридоти сӯхт аз Қазоқистон, нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон якбора гарон шуд.
Лентаи хабарҳо
0