Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон

© акс аз сомонаи ҳукумати ЁвонМақомдорони тоҷик ҳангоми аёдати Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон, ки дар қайди ҳаёт аст
Мақомдорони тоҷик ҳангоми аёдати Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон, ки дар қайди ҳаёт аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон мебошад, ки феълан дар қайди ҳаёт аст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Ҳукумати Ёвон гузориш дод, ки ба ягона куҳансарбози ноҳия, Хуҷа Дарвешови 96-сола кумаки молиявӣ аз номи мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ расонда шуд.
Тибқи иттилои ҳукумати Ёвон, дар ҶБВ солҳои 1941-1945 қариб 2500 нафар ҷавонони ёвонӣ иштирок карда, беш аз 1000 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Манбаъ афзуд, аз миёни онҳое, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ 1 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мондааст.
Ягона куҳансарбоз Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола аз деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба мақомдорон ба шодбошаш омадаанд.
Парк Победы в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Иштироки Президент ва 4 куҳансарбоз дар гузашти низомии Душанбе
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Чорабиниҳои идона бахшида ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Тоҷикистон 8 май дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала