Намояндагони ҳукумат аз куҳансарбозон хабар гирифтанду аз номи Президент кумакпулӣ доданд

© Sputnik / Александр КондратюкВетеран Великой Отечественной войны
Ветеран Великой Отечественной войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро хабар гирифтанду кумакпуливу туҳфаҳои гуногун тақдим карданд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” дар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ ду нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Назар Одинаев ва Достӣ Умедов боқӣ мондаанд, ки дар деҳаҳои Лангар ва Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагӣ мекунанд.
Дар арафаи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода ба аёдати ин пирон рафтанд.
Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии онҳо аз наздик шинос шуданд ва туҳфаҳоро аз номи раисҷумҳури кишвар тақдим карданд.
Мақомдорони тоҷик ҳангоми аёдати Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон, ки дар қайди ҳаёт аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
Ҳамчунин ба шарафи 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 намояндагони ваколатдор дар ҳайати Сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи Турсунзодаю Ҳисор бо мақсади аёдат ва дидорбинӣ ба манзилҳои истиқоматии иштирокчиёни ҶДҶ дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода рафтанд.
Гурӯҳи корӣ аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг пурсон шуда, табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба самъашон расониданд ва ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар яке бо дастагулҳо аз номи Президент туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.
Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроия барои ҳар кадоме туҳфапулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар арафаи ҷашни зафар намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба манзили иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Малах Гулов ба шаҳри Норак рафта, мавсуфро бо фарорасии 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфтанд.
Памятник воинам ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
Тибқи иттилои роҳбари Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак Алимурод Исмоилзода, ба аёдатшуда кумакпулии якдафъаинаи, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, кумакпулии раиси вилояти Хатлон ба маблағи 2500 сомонӣ ва кумакпулии раиси шаҳри Норак ба маблағи 1500 сомонӣ тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурданд. 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала