Даргузашти яке аз ҷабрдидаҳои таркиши НФС дар Душанбе - видео

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия взрыва АЗС в Душанбе
Последствия взрыва АЗС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Алексей Рязантсев, мутаваллиди соли 2000, масъули нуқтаи сӯзишвории оташгирифта дар шаҳри Душанбе, бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Рязантсов яке аз ду нафар, ки ҳолашон бар асари сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ вазнин арзёбӣ мегардид, ҷон додааст.
Ин ҷавони 21 – сола, яке аз ҷабрдидагони сӯхтори НФС дар ноҳияи Сино, ки беш 75% - и баданаш сӯхта буд, хабар додаст шабакаи телеграми Sputnik Тоҷикистон.
Қаблан КҲФ хабар дод, ки бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки 1 май рух дод, 29 нафар осеб диданд.
Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео
“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, - омада буд дар иттилоияи КҲФ.
Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дошта, аз рӯи ин ҳодиса барои риоя накардани техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала