Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд

© SugdNewsРазрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Мақомоти Тоҷикистон хисороти ду деҳаи наздисарҳадии ҷамоати Чоркуҳро беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Маъруфҷон Муҳаммадзода, роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибати низоъҳои наздисарҳадӣ мегӯяд, хисороти пешакии ин ҳодиса дар деҳоти Сомониён ва Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ, беш аз 11 миллион сомониро ташкил дод.
Муҳаммадзода изҳор доштааст, ки барои барқарорсозии 16 манзили харобгаштаи ин мавзеъҳо корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуданд. Ӯ дар суҳбат бо нашряи “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, хишт ва чӯбу тахта дастраси сохтмончиён шуданд. Ҳамзамон, корхонаҳои истеҳсоли семент ва хишти Исфара таъмини саривақтии аҳолиро бо маҳсулоти зарурӣ ба зимма гирифтаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки хонаҳои харобгашта давоми як моҳ барқарор карда шаванд.
Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Путин муноқишаи марзии тоҷикону қирғизҳоро бо Мирзиёев баррасӣ кард
Қаблан ҳукумати шаҳри Исфара аз хароб шудани беш аз 55 хона дар муноқиаи ахири марзӣ бо Қирғизистон хабар дода буд. Аз ҷумла 15 хона дар Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 хона дар ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 адад ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра ва ё қисман хароб шудаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала