Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон

© Хадамоти матбуоти раиси вилояти СуғдБоздиди Аҳмадзода аз деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло
Боздиди Аҳмадзода аз деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сокиноне, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҷабри зиёд диданд, ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби хонаҳои нав мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба деҳаҳое, ки аснои таниши марзӣ хароб шуда, аксар деҳнишинон алъон бидуни манзили зист мондаанд, тамоми масолеҳи сохтмонӣ интиқол дода шуд.
Бар хабари котиботи раиси вилояти Суғд, рӯзи гузашта Раҷаббой Аҳмадзода барои шинос шудан ба рафти корҳои сохтмонӣ ба деҳаҳи Хоҷаи Аъло ва Сомониён сафар кард.
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд
Аҳмадзода ба сокинони ин де деҳа ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби манзилҳои нав мегарданд.
Раиси вилоят аз оилаҳои зарардида боздид намуда, ба онҳо либосу пойафзол тақсим кард.
Гуфта мешавад, ҳоло мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳои навро тоза карда истодаанд.
Ба сокиноне, ки дар муноқишаи ахири марзӣ ҷабри зиёд диданд, ҳам азх номи роҳбари давлат ва ҳамчунин аз номи соҳибкорону ашхоси саховаманд кумакҳои мунтазами моддӣ дастрас гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Исфара аз хароб шудани беш аз 55 хона дар муноқиаи ахири марзӣ бо Қирғизистон хабар дода буд.
Аз ҷумла 15 хона дар Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 хона дар ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 адад ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра ва ё қисман хароб шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала