Бекасу кӯй ва 21 - сола: дафни Рязантсев, ки дар таркиши НФС ҷон бохт - акс

© PixabayЦветок гвоздики, архивное фото
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Алексей Рязантсев ҳарчанд дар Душанбе бекасу куй буд, аммо дар маросими дафни ӯ фаъолони маданӣГулнора Амиршоева низ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Алексей Рязантсев, ки бар асари таркиши мудҳиш дар нуқтаи сӯзишвории ширкати "ТСН" дар маҳаллаи Испечак, ҳудуди 75 дарсади баданаш сӯхта буд, пас аз як ҳафтаи бистарӣ дар бемористон ҷон бохт.
Тобути ҷавони ғӯрамарг имрӯз дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Хабари ба хок супорида шудани Алексейро, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, Гулнора Амиршоева дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр кард.
Амиршоева аз марги бармаҳали Рязантсев, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, изҳори таасуф намуда, қайд кард, ки ҷавони ғурамарг дар 21 соли умри худ танҳо маззаи азобу машаққат чашида буд.
Последствия взрыва АЗС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Даргузашти яке аз ҷабрдидаҳои таркиши НФС дар Душанбе - видео
Ба навиштаи Амиршоева, марҳум чун дар 7 - солагӣ аз модари худ ятим монд, ба кӯдакони интернат пайваст ва пас аз хатми он дар пайдо кардани ҷойи кор бисёр азият мекашид.
Билохира дар ин нуқтаи сӯзишвории "бадбахт" соҳиби кор шуд ва замони сар задани таркиш дар хавфноктарин нуқта қарор дошт.
Гулнора менависад, ки ба Алексейи ғӯрамарг касе кӯмак накард ва дар ҳалқаи оташи сӯзон ӯ худ танҳо монда буд.
"Чаро чунин беадолатӣ? Ӯ дар шаҳри мо ба танҳо зиндагӣ мекард ва пайваста азобу машаққат мекашид. Мо ӯро дар ин Рӯзи дурахшон дафн кардам ва бигзор акнун ҷонаш ором бошад", - бо тассуф навиштааст Амирҳоева.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 май, дар нуқтаи сӯзишвории ширкати "ТСН" дар маҳаллаи Испечак таркиши мудҳиш сар зад, ки дар натиҷа 24 нафар ҷароҳатдор шуданд.
Он замон 11 нафарро ба Маркази тандурустии “Шифобахш” ё шифохонаи маавсум ба “Қарияи Боло” ва 13 нафари дигарро Шифохонаи шаҳрии №3, ё маъруф ба Шифохонаи “Сӯхтагиҳо (Ожоговая)” интиқол додаанд.
Аз миёни ҳамаи ҷароҳатбардоштагон пизишкон вазъияти Алексей Рязанскийро ниҳоят вазнин арзёбӣ карданд.
Билохира, ин ҷавон рӯзи 8 март ҷонашро ба Ҷонофарин таслим кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала