"Афсона" – ҳои ғарбӣ: чаро Ғалабаи Бузургро наметавон аз мардуми Шӯравӣ рабуд?

© Sputnik / Iliya Pitalev / Гузаштан ба хазинаи аксВетеран с детьми перед началом военного парада в ознаменование 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов
Ветеран с детьми перед началом военного парада в ознаменование 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Таърихнигорон гуфтанд, чаро Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наметавон аз мардуми Шӯравӣ рабуд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ширкаткунандагони як мизи гирд дар Душанбе аз фарзияҳои дурӯғин дар бораи ҳаводиси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ғарб ва таҳрифи ҳақиқатҳои он дар собиқ кишварҳои Шӯравӣ изҳори ташвиш карданд.
Шамил Шамсутдинов, мушовир - фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон, ки дар ҷараёни як мизи гирд таҳти унвони "Қаҳрамонии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, бархе бадхоҳон талош доранд таърихро сарчапа нависанд, ҳатто баъзан рӯйрост воқеиятҳоро таҳриф ва хотираи аҷдодони моро таҳқир мекунанд.
“Бо ин вуҷуд, 9 май рӯзи пирӯзии муштараки мост ва барои мо як ҷашни билоиваз, азизи ҳамагон, талх, ҳамзамон ширин боқӣ мемонад. Даҳсолаҳо мегузаранд, наслҳо тағйир меёбанд, аммо Ғалабаи бузург ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, ҷасорат ва шарафи низомӣ то абад сабти таърихи қаҳрамониҳои халқҳои мо шудааст”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Мушовир - фиристодаи сафорати Русия аз “фарзияҳои дурӯғин”-е, ки имрӯзҳо дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ғарб матраҳ мешаванд, гуфт.
Президент РФ Владимир Путин , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Владимир Путин саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ дар ҶБВ - ро арзёбӣ кард
“Тақаллубкорони таърих мегӯянд, ҷангро агар Гитлер сар намекард, Сталин мекард ва гӯё Гитлер пешдастӣ намуд ва масъулияти ҷанги дуюми ҷаҳониро ба сари ҳарду мезананд. Аслан дар он ҷанг тамоми Аврупо ақибгоҳи Олмони фашистӣ буд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо нерӯҳои муттаҳидаи Аврупо муқовимат мекард. Аз оғози ҷанг Олмон даҳҳо дивизияи кишварҳои дигари Аврупоро бо худ дошт”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Мушовир - фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз ин даъво низ ёдовар шуд, ки нақши калидиро дар суқути Олмони фашистӣ ва Ҷопони милитаристӣ гӯё нерӯҳои Инглису Амрико бозидаанд ва бузургтарин амалиёти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нишасти нерӯҳои онҳо дар Нормандияву амалиёт дар Африқои Шимолӣ будааст.
“Амдан муҳорибаҳои таърихие, назири ҷангҳои остонаи Маскаву Сталинград, ки сутунмуҳраи нерӯҳои фашизмро шикастанд, ҷанги Қавси Курск, ки нуқтаи атфи Ҷанги ҷаҳонии дуюм буд, амалиёти “Богратион”, ки дар пайи он дору дастаи фашистони истилогар аз Иттиҳоди Шӯравӣ рӯфта ва марҳалаи озодсозии Аврупо шурӯъ шуд, ба дурӯғ як ҳаводиси аҳамияти маҳаллидошта арзёбӣ мешаванд”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Советские солдаты-освободители празднуют победу в Берлине, 1945 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм: ихтироъи дору ва наҷоти ҷони сарбозон
Мушовир - фиристодаи сафорати Русия гуфт, аз ҷавонон инро ҳам мепӯшанд, ки дар озодии Аврупо беш аз 7 миллион сарбози Шӯравӣ ширкат карда, зиёда аз 1 миллиони онҳо ҷонҳои худро барои озодии Аврупо аз “тоуни қаҳваӣ” – фашизм аз даст доданд.
“Саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ ва Артиши Сурхро камранг мекунанд, ҳол он ки аз 40 миллион қурбонии ин ҷанг 27 миллионашро Иттиҳоди Шӯравӣ додааст”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.
Вай инро ҳам зикр кард, ки дар он айём Тоҷикистон бо беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нуфус ба майдонҳои ҷанг зиёда аз 300 ҳазор фарзанди худро фиристод, ки наздики 100 ҳазор нафари онҳо ҷонҳои худро аз даст доданд, 55 ҳазор нафар ҳам медалу орден ва 54 тан унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро камоӣ, ҳамзамон аз истиқлол, тамомияти арзӣ, озодӣ ва ҳаққи худ барои зистан ҳимоят карданд,

"Миф" – афсонаҳои нав

Дмитрий Егармин, устоди таърихи мактаби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, низ мавзӯъи устурасозиҳои навин дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳониро дунбол карда, гуфт, таҳрифкорони ғарбӣ ва ҳамдастони маҳаллии онҳо дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ мехоҳанд Ҷанги Бузурги Ватаниро “бузургу ватанӣ” фақат барои манофеъи Русия талаққӣ кунанд ва ин "афсона" – ро қабулонанд, ки ҳадафи онҳо фақат русҳо буданд.
"Нозиҳо ба назарияҳои нажодгароёнаи олими фашист Ганс Гюнтер такя мекарданд, ки миллатҳоро ба "арбоб", "ходим" ва "паразит" тақсим мекард. Масалан, ӯ мегуфт, эстониву латишҳо бояд дар немисҳо ҳазму гум шаванд. Литвонӣ, украин ва белорус ориёӣ нестанд, бояд нобуд, бадарға ва ғулом шаванд ва дар қаламравҳои онҳо ориёиҳо зиндагӣ кунанд”, - гуфт Дмитрий Егармин.
Мақомдорони тоҷик ҳангоми аёдати Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон, ки дар қайди ҳаёт аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
Вай афзуд, Гюнтер мардуми Осиёи Марказиро "ӯрдаҳои нимваҳшӣ" ва тоҷиконро, ки ориёинажоданд, низ мардуми "ношуд" мехонд.
"Гюнтер арманиҳо, суриҳо, курдҳо ва эрониҳоро мардуми наздик ба яҳудиён мегуфт ва онҳоро қавмҳои ношуд талаққӣ мекард. Аз ин баррасиҳо мешавад тахмин зад, ки бар сари мо чӣ меомад. Онҳо ҳеҷ ҳаққе ба мардуми Шӯравӣ қоил набуданд ва ҳамаро бардаву хизматгори ояндаи худ медиданд", - гуфт Дмитрий Егармин.
Ин устоди таърих ба "афсона" - и дигар, ки Амрикову Инглисро ғолибони аслии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пардохта, гуфт, Бритониё умдатан солҳои 1940 – 1941 бо Олмон ҷангид ва танҳо саҳме, ки Амрико дар ин ҷанг дошт, нобудии неруҳои баҳрии Ҷопон буд.
"Кӯмаки асосии лендлизиии Амрикову Инглис пас аз муҳорибаи Сталинград солҳои 1944-1945 омад, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ гилеми фашизмро аз қаламраваш барчида буд. Аз 4 ҳазор мошине, ки дода буданд, нимаш соли 1945 омад. 4 ҳазор тайёрае, ки низ тариқи лендлиз омада буд, дар ҷанг ба гунаи маҳдуд истифода шуд, зеро рондани онҳо мушкил буд", - гуфт Дмитрий Егармин.
Устоди таърихи мактаби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон боз ба чанд таҳрифкории дигари таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пардохта, ба ин "миф" расид, ки Аврупоро Шӯравӣ озод на, балки ғасб кардааст.
"Дар озодии Аврупо беш аз 1 миллион сарбози шӯравӣ ҷон бохтанд. Фақат дар озодии Лаҳистон 600 ҳазор нафар! Пас аз анҷоми ҷанг Николай Масалов, сарбозе, ки як духтараки сесолаи немисро аз чанголи марг наҷот дода буд, аз 197 духтарак мактуб гирифт. Ҳар яке менавишт, ки Масалов ӯро наҷот додааст. Ин ба он маъност, ки чунин муносибати сарбозони шӯравӣ як падидаи оммавӣ буд", - гуфт Дмитрий Егармин.
Памятник воинам ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 бозсозӣ мешавад
Ин коршинос бар он аст, ки таҳрифи ҳақиқатҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва рехтани фарзияҳои дурӯғин ба деги расонаҳову афкори умум, ки солҳо ба ин сӯ дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ роҳандозӣ шудааст, талоши рабудани ин пирӯзии таърихӣ аз онҳост.
Аммо ин таърихро рабуда намешавад, зеро он бо хуни миллионҳо нафари шаҳидшуда дар роҳи арзишҳои баланди инсонӣ, назири озодиву истиқлоли ватан, навишта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала