Дар Афғонистон боз ду таркиши дигар рух дод

© REUTERS / OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Ин ҳодиса дар минтақаи Ҷабал Сараҷ рух додааст. Дар бораи вазъи захмиён маълумоте пешниҳод нагардидааст
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бар асари таркиши автобус дар вилояти Парвон дар шарқи Афғонистон ҳаддиақал ду ғайринизомӣ кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар минтақаи Ҷабал Сараҷ рух додааст. Дар бораи вазъи захмиён маълумоте ироа нашудааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Русия, Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Посухи Раҳмон ба суоли Путин аз вазъи Афғонистон: баъди эълони ИМА шиддат гирифт - видео
Инчунин, дар канори шаҳри Фараҳ, маркази маъмурии вилояти ҳамном автомашинаи бомбагузошташуда таркид. Ду сарбози артиши Афғонистон ҳалок ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи иттилои ин шабака, таркиш дар пойгоҳ рух додааст. То ҳол дар бораи вазъи сарбозони маҷрӯҳ маълумоте нест.
Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон 16 нафар кушта ва 41 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала