Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ҳам боронист

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳарчанд имрӯз боридани борон пешгӯӣ мешавад, вале дамои ҳаво дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ то 31 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар аст. Боридани борону ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд ҳам боронист. Ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шабона 11+16 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0