Навори зери об мондани мошинҳову микроавтобус дар зери кӯпрук дар Душанбе

Аз бориши зиёди борон зуҳри 11-уми май баъзе аз ҷодаҳои шаҳри Душанбе зери об мондаанд.
Боридани борон ва жолаи сахт сабаби ҷамъ шудани об дар зери кӯпруки назди Фурудгоҳ гашт.
Чанд мошин зери об монданд, аммо мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои ҳавошиносон боронгарӣ дар Тоҷикистон то 14 май идома меёбад.
Бориши борон дар Тоҷикистон 3 рӯзи дигар идома мекунад
Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Инчунин дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
13-14 май дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. 15-16 май дар мамлакат асосан ҳавои бебориш дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала