Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Cоҳибкор аз шаҳри Истаравшан ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ кумак кард

© посольство РФ в РТРоссия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Соҳибкор аз шаҳри Истаравшан ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ кумак ирсол кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аз ҷониби соҳибкор Баҳриддин Дадоев ба сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва макарон дасраст карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят Суғд.
“Баъди он воқеаҳое, ки дар марз рух дод, худро вазифадор донистам, ки ба зарардидагон кӯмаки худро расонамБародарону хоҳарони исфарагӣ хуб донед, ки мо ҳамроҳи шумо ҳастем. Зеро “банӣ одам аъзои якдигаранд”, -қайд кардааст, соҳибкори зимни суҳбат бо хабарнигорон.
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд
Соҳибкор қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ вақт ҷонибдори ҷанг нест.
“Мо мехоҳем, ки бо ҳамсоягонамон робитаи хуб дошта бошем ва ҳамаи мушкилот бо роҳи музокирот ҳал гардад”,- илова кард соҳибкор.
Зикр гардидааст, ки ин амали соҳикбор шоистаи пайравӣ буда, кӯмаки саривақтии ӯ ба зарардидагон намунаи ибрат аст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ӯзбекистон омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала