Оғози тақдими хона ба ниёзмандон дар Суғд - навор

Комиссияи махсус ба таъмини ниёзмандон бо манзили зист оғоз карда, дар навбати аввал ба ду нафар хона додаанд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ду оилаи эҳтиёҷманд, ки солҳо аз бехонагӣ ранҷ мебурданд, манзилҳои истиқоматӣ тақдим кард.
Бино ба иттилои манбаъ, тақдими хонаҳо аз Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед оғоз шудааст, ки аллакай хонаҳояшонро гирифтанд.
"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд
Раҷаббой Аҳмадзода ваъда додааст, ки барои дастгирии ашхоси ниёзманд тақдими хонаҳоро идома хоҳанд дод.
“Хонаҳои истиқоматӣ аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд буда, дорои тамоми шароити лозимӣ аст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Каримова Инобат ва Самибоев Ҷамшед барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ миннатдории самимии худро баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала