Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Чин мулоқот карданд: онҳо чӣ нақша доранд?

© пресс-служба МИД КРВстреча министра иностранных дел КР Руслана Казакбаева с министром иностранных дел Таджикистана Сироджиддином Мухриддином в Китае
Встреча министра иностранных дел КР Руслана Казакбаева с министром иностранных дел Таджикистана Сироджиддином Мухриддином в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазирон нақша доранд дар ояндаи наздик чорабиниҳои сатҳи баланд ва олӣ баргузор кунанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ва Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Чин мулоқот карданд, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Музокирот, дар шаҳри Сиан дар ҳошиаи ҷаласаи дуюми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ ва Чин" баргузор гардид.
Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷӣ садоқати қатъии худро ба ҳама созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ва эҳтироми тарафайн ба қаламравҳо ва марзҳои ду давлат, риояи қатъии протоколҳои қаблан имзошуда дар бораи низои марзиро қайд карданд.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ӯзбекистон омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад
Онҳо инчунин амалҳои муштараки минбаъдаро, ки ба ҳифзи сулҳ ва субот дар минтақаи наздимарзӣ нигаронида шудаанд, баён кардаанд.
"Вазирон оид ба масоили мубрами рӯзномаи муносиботи Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ташкили чорабиниҳо дар сатҳи баланд ва олиро дар ояндаи наздик баррасӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ба итмом расонидани бақайдгирии ҳуқуқии сарҳади давлатии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон вазъро ба эътидол меорад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Хуршед Изатулло Мухаммадзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози санҷиш алайҳи фармондеҳи "ОМОН" - и Тоҷикистон: парванда дар КДАМ Қирғизистон
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала