Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба марги одамон дар паи селхезӣ дар минтақаи Кӯлобу Ҳисор вокуниш карда, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро барои бартараф кардани оқибатҳои он вазифадор кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, хисороти дар паи сел ба хоҷагии халқ расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ намояд.
Бо дастури Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КҲФ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумури Тоҷикистон, тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд.

"Мутаассифона талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумат бо роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин бо дастури кишвардор, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.
Ёдрас мешавем, ки ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
КҲФ теъдоди фавтидагонро 7 тан арзёбӣ кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар паи сели азим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала