Маҳмадаминов ба Гутерриш хайрбодӣ кард

© МИД РТМуҳаммадаминов бо Гуттереш хайрбодӣ кард
Муҳаммадаминов бо Гуттереш хайрбодӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Маҳмадаминов охирҳои моҳи апрел бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуда буд
ДУШАНБЕ, 13 май— Sputnik.Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқоти хайрбодӣ намуд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону СММ, ба вежа дар соҳаҳои обу иқлим ва муқовимат бо терроризм мубодилаи афкор карданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо вазъияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро аз вазифаи намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озод карда, ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоилро таъйин намуд.
Выступление Постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании Совета Безопасности ООН по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2020
Маҳмадаминов имзо кард: муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Сиерра - Леоне барқарор шуд
Бар асоси саҳифаи Ҷонибек Ҳикмат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ соли 2000-ум мактаби байналмилалӣ ва соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав ҷои кораш Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Ҷонибек Ҳикмат дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро донандаи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ муаррифӣ намудааст.
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири кулли СММ Душанбе ва Бишкекро ба риояи оташбас даъват кард
Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки 22 апрел 60-сола шуд, қаблан дар лоиҳаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, сипас дар “Ориёнбонк” ва баъдан ба ҳайси раиси “Амонатбонк” - у Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ аввали соли 2014 аз мақоми вазирӣ барканор гардида, ба ҷойи Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид.
Муҳриддин баъди намояндагӣ дар СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Маҳмадаминовро кадом мақом интизор аст, феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала