Дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон бо як қатор маҳдудиятҳо анҷом ёфт. Зимни масҷидравӣ, диндорон бояд ниқобу дастпӯшак мепӯшиданду фосилаи иҷтимоиро риоя мекарданд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Мусулмонони Тоҷикистон имрӯз, Иди Фитр поёни моҳи мубораки Рамазонро ҷашн мегиранд.
Иди Фитр, пас аз 30 рӯзи рӯзадорӣ дар поёни моҳи мубораки Рамазон қайд карда мешавад.
Ин ид дар сиюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазон пас аз ғуруби офтоб дар оғози моҳи Шаввол таҷлил мешавад.
Чун дигар идҳои мусалмонӣ Иди Рамазон рӯзи дақиқ надорад ва вобаста ба тақвими мусалмонӣ муайян карда мешавад.
Маъмулан, Иди Фитр дар Тоҷикистон бо гузоштани намози ид оғоз шуда, бо идгардаки кӯдакон ва хабаргирии пайвандону дуохонӣ дар ҳаққи гузаштагон идома мекунад.
Ураза-байрам: традиции празднования - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Иди Рамазон: анъанаҳои ҷашн
Ёдрас мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар моҳи шарифи Рамазон ба мусалмонон иҷозат дод, ки пас аз намози фарзи шаб намози дастаҷамъӣ баргузор кунанд.
Ҳамзамон, дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо идома доштанд.
Аз ҷумла, зимни масҷидравӣ, диндорон бояд ниқоб ва дастпӯшак мепӯшиданду фосилаи иҷтимоиро риоя мекарданд.
Дар вақти намоз истифодаи ҷойнамози шахсӣ мувофиқи мақсад буд.
Ғайр аз ин, ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор шуд, ки масҷидҳоро мунтазам безарар гардонад ва ҳарорати ҳамаи намозгузоронро дар даромадгоҳ санҷад.
Моҳи шарифи Рамазон рӯзи 12 - май ба поён расид ва рӯзи 13 - май иди Фитр баргузор мешавад.
Дар “Хаймаи Рамазон шоми Тоҷикистон баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
“Хаймаи Рамазон"-и Маскав тоҷикону қирғизҳоро муттаҳид кард
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Рамазон табрик кард ва мардумро ба сарфакорӣ даъват намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш, махсусан, заҳмати кишоварзонро арзёбӣ карда гуфт, бовар дорад, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.
Ба гуфти Президент, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Дар ин росто раисиҷумҳур аз ояти шастуми сураи "Тавба"–и Қуръони маҷид мисол овард: – "Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои мусофирон аст".
Эмомали Рахмон принял участие в онлайн заседании Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Паёми рамазонии Раҳмон, мисол аз Қуръон ва вазъи бозор: болоравии нарх аз мо вобаста нест
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ дод.
"Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи "Исро" мефармояд: – "Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст".
Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд, хулоса кард Президент.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала