Идизода савганд хӯрду раиси Кумита интихоб гардид

© сомонаи парлумони ТоҷикистонФайзалӣ Идизода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон савганд ёд карда, фаъолиятро ба ҳайси вакил оғоз кард
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз савгандёдкунии Файзалӣ Идизода ба ҳайси вакил хабар дод.
Тибқи иттилои котиботи парлумон, Идизода ба мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки КМИР Тоҷикистон ба Файзалӣ Идизода бар асоси рӯйхати пешниҳодшудаи номзадҳо аз ҳизби ҳокими ҲХДТ мандати вакилӣ дод.
Идизода дар парлумон Абдураҳим Холиқзодаро иваз намуд, ки ба вазифаи мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президент таъйин шуд.
Председатель Социалистической партии Таджикистана Абдухалим Гаффоров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
“Маҳрумтаринанд”: Вакил Ғаффорзода аз беақлҳое гуфт, ки пулдор шудаанд
Идизода Файзалӣ Фузайлшо то гузаштанаш ба парлумон ба ҳайси вакил дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.
Ӯ дар феҳрасти номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2020 пешниҳод гардида буд.
Бар асоси ҳолнома Файзалӣ Идизода, 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад.
“Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”, - омадааст дар ҳолнома.
Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала