“Комёбии мавқеи Русия”: коршинос дар бораи гуфтаҳои Байден дар бораи амнияти киберӣ

© AP / Andrew HarnikПрезидент Джо Байден
Президент Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз "гуфтугӯи мустақим" бо Русия дар мавзӯи мубориза бо ҷинояткоронӣ киберӣ, таъкид кард
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико зимни суханронӣ дар Кохи Сафед эълом дошт, ки ҳукумати Русия дар ҳамлаи киберӣ ба бузургтарин оператори лӯлаи газ дар Иёлоти Муттаҳида – ширкати Colonial Pipeline даст надорад. Аммо ӯ гуфт хакерҳо имкон дорад дар қаламрави Русия бошанд.
"Мо боварӣ надорем, ки ҳукумати Русия дар ин ҳамла даст дорад, аммо мо асосҳои комил дорем, ки ҷинояткорони ин ҳамла дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд. Ин аз онҷо, аз Русия омадааст. Мо дар бо Русия оид ба андешидани чораҳо мустақиман дар тамос ҳастем. Чораҳо бояд нисбати шабакаҳое андешида шавад, ки гарав талаб мекунанд", - гуфт Байден.
Ба лӯлаи Colonial Pipeline гӯё аз сӯи барномаи – тамаҷӯии, гурӯҳи ҳакерҳои DarkSide ҳамла шудааст. Амали хакерҳо боиси қатъи фаъолияти лӯла ва болоравии нархи яклухти бензин дар ИМА шуд.
Американский нефтяник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико
Фаъолияти дубораи лӯла шаби панҷшанбе дубора оғоз ёфт. Аммо пурра барқарорсозии кори лӯла вақтро талаб мекунад, гуфт президенти ИМА.
Алексей Зудин, таҳлилгари масоили сиёсӣ ба радиои Sputnik гуфт, ки чаро ба назари ӯ, ин изҳорот сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст.
Коршинос ба он таваҷҷӯҳ кард, ки Байден нияти баррасии масъалаҳои амнияти кибериро бо Русия эълон кард.

"Ҳамин масоиле буд, ки Русия ҷониби Иёлоти Муттаҳидаро ба гуфтушунид даъват мекард, аммо Амрико ин мавзӯъро ба музокирот намекашид. Ин нукта барои ман бисёр ҷолиб аст, қаблан ман ингуна пешниҳодҳоро аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида нашунида будам", - гуфт Алексей Зудин.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин масъала муваффақияти мавқеи Русияро дидан мумкин аст.
Трейдер на в Нью-Йоркской фондовой бирже  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд
"Муҳим он аст, ки бори аввал мавзӯи гуфтушунидҳо оид ба амнияти киберӣ ба миён гузошта шуд, ки Иёлоти Муттаҳида аз он пайваста худро канор мегирифтанд. Дар ин ҷо муваффақияти мавқеи устувори Русияро, ки кайҳо боз чунин музокиротро пешниҳод мекард, дидан мумкин аст”, - афзуд коршинос Алексей Зудин.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала