Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон

© акс аз саҳифаи Откурбек РахмановҚамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Дар муроҷиатномае, ки гуиё аз номи кормандони КДАМ навишта шудааст як қатор иттиҳомот алайҳи Тошиев оварда шудааст ва дархост шудааст, ки фаъолияти ӯ санҷида шавад
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномае аз номи гуиё кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон паҳн шудааст, ки дар он аз фаъолияти раиси ин ниҳод Қамчибек Тошиев изҳори норозигӣ шудааст.
Хадамоти матуоти ин ниҳод муроҷиатномаро қалбакӣ хондааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Агар медонистед дар марз ҷанг мешавад, чаро ба Олмон парвоз кардед? - посухи Тошиев: видео
Дар муроҷиатнома, ки ба номи президент, раиси Жогорку Кенеш ва додситони кулл навишта шудааст, гуфта мешавад, ки қаблан низ нерӯҳои қудратӣ дархост карда буданд, ки Қамчибек Тошиевро аз мақоми раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барканор карда шавад.
Дар матн якчанд иттиҳомот алайҳи Тошиев ва дархости тафтиш дар кумитаи давлатӣ мавҷуданд.
Тағйироти кадрӣ дар Қирғизистон: аз Тошиев то таъйини полковник ба роҳбарии Бодканд
"Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати кормандони гӯё амалкунандаи хадамоти махсус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, воқеият надорад ва қалбакӣ аст. Ин амалҳои нерӯҳои алоҳидаи манфиатдор яке аз кӯшишҳои интиқоли қувваҳо ва воситаҳо аз вазифаи асосии таъмини амнияти давлат ба дигар тараф мебошад ", - гуфта шудааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
Таъкид мешавад, ки имрӯз "фазои маънавию психологии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз пеш муттаҳид шудааст" ва барои иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда ҳама шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала