Чин хуруҷи нерӯи Амрикоро аз Афғонистон маҳкум кард

© Sputnik / Александр Имедашвили / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие США на учениях, архивное фото
Военнослужащие США на учениях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Мақомоти Чин мутмаинанд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба раванди оташбас дар дохили кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Чин хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистонро интиқод кард.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ҳангоми суҳбати телефонӣ бо ҳамтои покистониаш Шоҳ Меҳмуд Қурешӣ изҳор дошт.
"Хуруҷи сареъи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аллакай зарбаи ҷиддӣ ба раванди оташбас дар ин кишвар шудааст ва инчунин ба суботи минтақа таъсири манфӣ гузоштааст", - таъкид кард вай.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Амрико бузургтарин пойгоҳи низомиашро дар ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои миллӣ вогузор кард
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Чин, вазъ бояд ба таваҷҷӯҳи СММ ва СҲШ ҷалб карда шавад.
"Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд ҳамкориҳоро тақвият диҳанд, ҳамчун як ҷабҳаи ягона амал кунанд ва амалҳои ҳамоҳангшударо роҳандозӣ кунанд" , - таъкид кард Ван И.
Вазири корҳои хориҷии Чин қайд кард, ки Покистон дар масъалаи Афғонистон таъсири муҳим дорад ва Пекин тадбирҳои андешидаи кишварро барои ҳалли вазъи Афғонистон баҳои баланд медиҳад.
Ван B афзуд, ки давлатҳо бояд ҳамоҳангсозии стратегиро идома диҳанд ва ба раванди сулҳ таъсири фаъолтар расонанд.
Қаблан Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, гуфта буд, ки хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар метавонад боиси ҷанги шаҳрвандӣ шавад.
Ба гуфтаи сарвари давлат, мақомот ният доранд, ки чунин муноқишаро пешгирӣ кунанд.
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд
Ёдовар мешавем, ки низомиёни амрикоӣ охири апрел ба тарки Афғонистон шурӯъ карданд. Раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден ба нақша гирифтааст, ки тартиби хуруҷро то 11 сентябр ба итмом расонад.
Як қатор генералҳои амрикоӣ зидди ин ташаббус баромад карданд. Онҳо Байденро даъват карданд, ки ҳузури 2500 сарбозро дар Афғонистон ҳифз кунад ва тавассути музокироти дипломатӣ ба созишномаи сулҳ бирасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала