Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Нерӯи вижаи артиши Афғонистон эълом кард, пойгоҳи амрикоии Мурҳед (Moorhead)дар наздикии Кобул тахлия ва ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар иттилоияи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон омадааст, ки ин пойгоҳ, 14 сол пеш барои нерӯҳои амрикоӣ таъсис шуда буд ва рӯзи гузашта ба нерӯҳои Афғонистон вогузор шуд.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Wall Street Journal: Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ сохтанист, аммо аз Русия ва Чин метарсад
Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд.
Ҳайбатуллоҳ Ализей, фармондеҳи воҳиди ягонҳои вижаи Артиши Афғонистон дар маросими таҳвили ин пойгоҳи низомӣ гуфт, нерӯҳои афғон бидуни шак метавонанд ба таври мустақил бо душманони Афғонистон мубориза кунанд.
Мурҳед (Moorhead) сеюмин пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, ки дар наздик ба ду ҳафтаи гузашта ба нерӯҳои афғон вогузор шудааст.
Дар Афғонистон боз ду таркиши дигар рух дод
Пеш аз ин пойгоҳи "Онтонтик" маҳали истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Ҳилманд ва пойгоҳи "Mike Espen", вижаи нерӯҳои олмонӣ дар Балх ба нерӯҳои афғон вогузор шуда буд.
Раванди хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон аз аввали моҳи май ба таври расмӣ оғоз шуда ва қарор аст, тамомии нерӯи хориҷӣ то 11 сентябри Афғонистонро тарк кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала