Мақомоти Фаластин шумори кушташудаҳоро аз сӯи Исроил эълон кард

© AFP 2021 / Mohammed AbedПалестинец стоит перед огромной воронкой в ​​городе Газа
Палестинец стоит перед огромной воронкой в ​​городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Вазорати тандурустии Фаластин эълом кард, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии як ҳафтаи ахири Исроил ба мардуми Фаластин дар Навори Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддас 218 тан кушта ва беш аз 5 ҳазору 604 нафар маҷрӯҳ шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки теъдоди кушташудаҳо дар Ғазза ба 197 нафар афзоиш ёфтааст, ки дар миёни онҳо 58 кӯдак ва 34 зан мебошад. Манбаъ теъдоди маҷрӯҳон дар навори Ғаззаро 1235 нафар арзёбӣ кард, хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин теъдоди кушташудаҳои Каронаи Бохтарӣ ва Қудсро 21 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони онро ҳам беш аз 4369 нафар эълом кард.
Бар асоси ин гузориш, Исроил то кунун 90 сохтмон, аз ҷумла се бурҷи маскуниро дар Ғазза тахриб кардааст.
Более тысячи ракет и десятки погибших: что происходит в Израиле и Палестине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Ҳазорҳо мушак ва даҳҳо қурбонӣ: дар Исроил ва Фаластин чӣ мегузарад— видео
Даргирӣ миёни Фаластин ва Исроил аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поёни муҳлати муқовимати Фаластин ба Тел-Авив мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти Исроил дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст.
Мақомоти Фаластин дар посух ба ҳамалоти Исроил, шаҳракҳо ва фурудгоҳҳои Исроилро мушакборон кард, ки дар ин ҳамалот 10 нафар яҳудиён ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала