Ҳайати тими миллӣ барои сабқат бо тимҳои Ироқу Тайланд: 7 легионер даъват шуд

© акс аз сомонаи ФФТТими миллии Тоҷикистон оид ба футбол
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронеро муайян кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои рафиқона муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд даъват карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бозиҳои рафиқонаи тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ироқ рӯзи 24 май, дар шаҳри Басра ва Тайланд рӯзи 29 май дар Дубай дар назар аст.
Ҳайати миллии кишвар аз 25 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар, 5 ҳамлагар иборат хоҳад буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки аз ҷумла ба тими миллӣ 7 легионер даъват гардиданд.
Насим Ҳамидов дар миёна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Садамаи доварони футбол дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Дар феҳрасти легионерҳо – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), Табрези Давлатмир (“Нарва Транс”, Эстония), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон), ҳамлагарон Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) ва Шаҳром Самиев (“Динамо-Авто”, Молдова) ном бурда шуданд.
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов ("Истиқлол")
Муҳриддин Ҳасанов ("Истиқлол")
Шоҳрух Қирғизбоев ("Куктош")
Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев ("Бунёдкор", Ӯзбекистон)
Табрези Давлатмир ("Нарва Транс", Эстония)
Аҳтам Назаров ("Истиқлол")
Ваҳдат Ханонов ("Истиқлол")
Манучеҳр Сафаров ("Истиқлол")
Зоир Ҷӯрабоев ("Истиқлол")
Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)
Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев ("Локомотив", Булғористон)
Комрон Турсунов ("ТРАУ", Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Узбекистон)
Алишер Ҷалилов ("Истиқлол")
Муҳаммадҷон Раҳимов ("Истиқлол")
Ислом Зоиров ("Истиқлол")
Илҳомҷон Баротов ("Истаравшан")
Абдулмуъмин Забиров ("Хуҷанд")
Хусрав Тоиров ("Динамо", Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (озод)
Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев ("Пенанг", Малайзия)
Шаҳром Самиев ("Динамо-Авто", Молдова)
Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол")
Рустам Соиров ("Истиқлол")
Нуриддин Ҳамроқулов ("Хатлон")
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).
Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода 20-уми май дар Душанбе шуруъ мекунад. 22 май ҳайати даста барои бозии рафиқона бо тими миллии Ироқ ба Басра сафарбар мегардад. Пас аз бозӣ ҳайати даста ба АМА мераванд дар Шарҷа бо тими миллии Тайланд вомехуранд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Хоруғ мизбони сабқати даҳҳо тими футбол бо усули “деҳа ба деҳа”
Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафарбар мегардад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала