Сергей Лавров озими Душанбе шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча главы МИД РФ С. Лаврова и верховного представителя ЕС Ж. Борреля
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова и верховного представителя ЕС Ж. Борреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе парвоз кард.
Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок мекунад.
Ҷаласа рӯзи 19 май дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.
Дар ин нишаст инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас, вазирони умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус ширкат меварзанд.
Председатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Раисони парлумони кишварҳои узви СААД ба Душанбе меоянд
Гуфта мешавад, вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.
Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала