Аз амният то таҳияи стратегияи нав: мулоқоти Раҳмон бо вазирони кишварҳои узви СААД

© пресс-служба президентаВстреча Рахмона с главами МИД стран-участниц ОДКБ
Встреча Рахмона с главами МИД стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо вазирони кишварҳои узви СААД аз омӯзиши фаъолияти гузаштаи Созмон ва таҳияи стратегияи нав гуфт
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.
Пограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Русия дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон постгоҳи марзӣ месозад
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СААД мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.
Таъкид гардидааст, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи СААД, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала