Русия дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон постгоҳи марзӣ месозад

© SputnikПограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото
Пограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Дар Душанбе мулоқоти вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Русия, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Русия қасд дорад дар марзи Тоҷикистону Афғонистон посгоҳи марзӣ бунёд кунад.
Дар ин бора вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар Душанбе пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ, Сироҷиддин Муҳриддин, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Лавров қайд кард, ки дар ҷараёни муколама бо ҳамтои тоҷикаш, яке аз мавзӯъҳои муҳим муҳокимаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам дар шакли СААД ва ҳам дар шакли созишномаҳои дуҷониба буд.
"Мо аллакай интизор ҳастем, ки созишномаи байниҳукуматиро ба имзо мерасонем, ки тибқи он мо дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон кумаки молӣ мерасонем", - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад.
Ҷаласаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раисӣ мекунад.
Дар ҷаласа дабири кулли СПАД Станислав Зас, вазири Русия Сергей Лавров, Чингиз Айдарбеков вазири Қирғизистон, Мухтор Тлеуберди вазири Қазоқистон ва вазири Белорус Владимир Макей ширкат меварзанд.
Сергей Лавров и Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Мулоқоти Лавров ва Муҳриддин: аз имзои барномаи ҳамкорӣ то ташкили алоқаи фаврӣ
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала