Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Яке айбу дигаре фахраш хонд: вокуниши корбарони тоҷик ба баромади Манижа дар Роттердам

© AFP 2021 / SANDER KONINGРоссиянка Манижа на Евровидение-2021
Россиянка Манижа на Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Манижа Сангин, ки зодаи Тоҷикистон аст ва Русияро дар ҷашнвораи Евровидение – 2021 намояндагӣ мекунад, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Манижа Сангин ҳанӯз моҳи март тариқи овоздиҳӣ аз миёни чандин ҳунармандони асили рус, расман намояндаи Русия дар ҷашнвораи “Евровидение- 2021” интихоб шуд.
Пас аз эълон кардани номи Манижа ҳамчун намояндаи Русия дар Евровидение, тӯфони маломату эътирозҳо болои сари ӯ рехт.
Бисёриҳо маҳз барои зодаи Тоҷикистон буданаш ӯро напазируфтанд ва борҳо то мансабдорони боломақом бозбинӣ кардани номзадии ӯ пешниҳод шуда буд.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Манижа худ низ иқрор кард, ки ӯро дар Русия маҳз ба хотири тоҷик будан, қабул надоранд. Дар ҳоле, ки ӯ ҳамагӣ се сол дошт, вақте хонаводааш тарки Тоҷикистон кард.
Агар қаблан дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи бадхоҳону “Манижанописандҳо” зиёд буданд, аммо пас аз баромади муваффақ ӯ дар даври аввали озмун, ин ҳолат ранги дигар гирифт.
Зери наворҳо аз баромади Манижа дар Роттердам, корбарони тоҷик, “Манижа ба пеш”, “Тоҷикистон ба пеш” гуна шарҳҳо менавиштанд.
Аз ҷумла, Бобозода Асомиддин ном корбаре навиштааст, “Манижа онҳоеро, ки ба ҳувияти ӯ шак доштанд, кушт!”
Ӯ мегӯяд, бигзор Манижа аз ҳаёти зани рус суруд хонаду давлати Русияро муаррифӣ кунад, вале хуни тоҷик дар рагу пайвандаш ҷорӣ аст.
“Тоҷику тоҷикистонӣ бо ту ифтихор дорад”, - ҷамъбаст намудааст фикри худро ин корбар.
Аммо Гулаҳмадов Алӣ дар мавриди Манижа ва баромади ӯ назари дигар дорад. Ӯ бо нигаронӣ навиштааст, ки “чаро ин қадар бо Манижа фахр мекунед. Дар ҳоле, ки ӯ на миллати тоҷик, балки Русияро муаррифӣ мекунад. Туф бар ҳамин гуна тоҷик”.
Алӣ дар шарҳи худ, Ҳабибро мисол оварда навиштааст, ки ӯ танҳо муарифгари ватану халқи худ аст.

“Ин мо тоҷикҳо ҳастем, ки гоҳе бо чечену туркҳо ва гоҳе бо русҳо монанд мекунему пайравӣ аз онҳо мекунем”, - бо ҷаҳл навиштааст ин корбар.

Шарҳи Алиро шумори зиёде аз корбарони тоҷик зери танқид қарор доданд. Ӯро ба он муттаҳам намуданд, ки муваффақияти як ҳамватани худро нодида мегирад.
Зулфия навиштааст, ки дар ин ҷашнвора ягон бор тоҷикистонӣ баромад накардааст.

"Манижа якумин нафаре аст, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, аз саҳнаи калони Роттердам ҳунарнамоӣ кард. Бигзор Русияро муаррифӣ кунад, вале ӯ тоҷик аст”, - навиштааст ин корбар.

Баҳром Маҳмудов корбари дигар ба Манижа муваффақият таманно кард ва навиштааст, ӯ бояд фаромӯш насозад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тарафдораш аст.
“Ба бурду бохти ту пешвои миллат бефарқ набуданд ва ту доимо дар мадди назарашон будӣ”, - навиштааст Баҳром.
Дар асл ҳам, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари худ ба вилояти Суғд ва аснои мулоқот бо сокинони деҳаи Ворух аз вокунишҳои шадид алайҳи Манижа мисол овард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем
“Манижа сари ҳамаро вайрон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд”, - гуфта буд роҳбари давлат.
Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд.
"Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст. Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем”, - таъкид карда буд, Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳоле, ки худи раисҷумҳур аз Манижа ва ҳунари ӯ ифтихору аҳсанхонӣ мекард, вале Султон Сафаров ном корбад мегӯяд, Манижа барои ӯ ва тоҷикистониён арзише надорад..
“Аз чунин махлуқот, ки ҳеҷ муқаддасот ва нишоне аз тоҷикият намондааст, безорам”, - навиштааст ӯ.
Ҳамчунин аз дигар корбарон даъват намудааст, ки аз номи ҳамаи мардуми Тоҷикистон қазоват накунанд ва аз Манижа қаҳрамон натарошанд.
Хосият Олимӣ навиштааст: “Ҷасорат ин аст, садои Манижа. Ӯ тамоми монеаҳои суннъиро рафъ намуд ва роҳ сӯйи мақсад ниҳод”.
Олимӣ менависад, Манижа тавонист достонҳои “Шоҳнома” – ро аз нав варақгардон кунад ва духтари миллати соҳибназар буданашро тасдиқ кард.
“Манижа, офарин ба тавоноӣ ва иродаи қавият.Сипос, ки намунаи фарҳанги миллиро дар пораҳои қалбат ба саҳнаҳои олии ҷаҳон бурдаӣ ва рӯйи ин ба ҳама намуди хушунатхо хотима доданӣ ҳастӣ".
Бояд зикр намуд, ки дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ сафи ҷонибдорон нисбати ба мухолифони Манижа Сангин афзалият доранд.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Дар зери ҳар як хабару наворе, ки аз ҷараёни баромади ӯ дар Роттердам гузошта шудааст, садҳо нафар бо суханони нек ва таманиёти пирӯз шудан дар даври ниҳоии ин ҷашнвора, шарҳҳо гузоштанд.
Манижа Сангин, ки ҳоло ба даври финалии ҷашнвораи мусиқии "Евровидение - 2021" роҳ ёфт, рӯзи 22 май боз рӯи саҳнаи Роттрдам мебарояд ва ҳунарнамоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала