Эълони танаффус дар Чемпионати Тоҷикистон: "Хуҷанд" пирӯзи марҳилаи аввал

© Pixabay / Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаи бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии тими “Хуҷанд” ба анҷом расид, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои Кумита, рӯзи 25 май се бозии даври ҷамъбастии чемпионат баргузор шуданд.
Аз ҷумла дастаи “Душанбе” дар бозии хонагӣ аз тими “Эсхата” бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Дастаи нави дигаи олӣ - “Эсхата”-и Хуҷанд тавассути голҳои задаи Боҳирҷон Сангибоев ва Парвиз Алиев се холӣ дигар ба даст оварда, бо 11 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад. Голи “Душанбе”-ро Фарҳод Қосимов ба ҳадаф расонд.
Насим Ҳамидов дар миёна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Садамаи доварони футбол дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Дар бозии дигар “Хатлон”, ки дар се бозии охир пайиҳам пирӯз гашт, аз тими “Файзканд” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи дидорро Абдухалил Боронов зада, дастаашро ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат баровард. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – “Истаравшан” мусовӣ (0:0) шуд.
Кумитаи олимпӣ таъкид кард, ки бо ҳамин, дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ то 20 июн танаффус эълон мешавад, вале имкони баргузории бозиҳои мавқуфмонда ҷой дорад.
Зикр шудааст, ки дар марҳилаи якум 10 бозӣ, хусусан бозиҳо бо иштироки дастаи “Истиқлол” баргузор нашудаанд. “Истиқлол” – “Душанбе” (даври дуюм), “Истаравшан” – “Истиқлол” (даври 3), “Истиқлол” – “Хатлон” (даври 4), “Файзканд” – “Истиқлол” (даври 5), “Хуҷанд” – “Файзканд”, КМВА – “Равшан” (даври 7), “Истиқлол” – “Равшан”, “Эсхата” – “Хуҷанд” (даври 8), “Равшан” – “Куктош”, “Хуҷанд” – “Истиқлол” (даври 9) аз ҷумлаи бозиҳое арзёбӣ гардиданд, ки дар марҳилаи аввал баргузор нашуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала