БМТ мудирони муваққатии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро таъин мекунад

© Sputnik Амир ИсаевАгроинвестбанк, архивное фото
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Мудирони муваққатӣ то таъйини мудирони махсус фаъолият хоҳанд карҳд
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мудирони бонкҳои қаблан барҳамхӯрдашуда "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -ро таъин кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, қаблан тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" БМТ дар бораи бозхонди иҷозатномаҳои ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" қарор қабул кард ва ба онҳо маъмурон таъин кард.
"Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд", - афзудааст БМТ
Барои дастрасии маълумот дар бораи раванди барҳамдиҳии ин бонкҳо, БМТ дар сайти худ рақамҳои телефонҳои маъмуронро нашр кардааст.
Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд.
Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маблағи муштариёни “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мешавад: кай ва чӣ гуна
Ёдовар мешавем, ки дар охири ҳафтаи гузашта БМТ иҷозатномаҳои ду бонки бузурги қаблан асоси - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро бозхонд кард.
Бар асоси қарори БМТ, тамоми амалиётҳо бо хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегона кардани дороиҳо ва амволи ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" то таъин шудани мудири махсус манъ аст.
26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод
Тибқи иттилои манбаъ, пардохти ҷуброн ба амонатгузорон аз ҷониби агент-бонк дар муддати 14 рӯз пас аз баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ аз ҷониби роҳбари махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт карда мешавад.
“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Қарзи “Агроинвестбонк” тоҷири дигарро ба зиндон кашид: чаро Акбар Ҳакимов ҳабс шуд?
“Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.
Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала