Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА бетағйир монд

© сомонаи FFT.tjМунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеяшро бидуни тағйир гузошт
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 121 нишастааст. Моҳи гузашта низ мунтахаби кишвар дар ҳамин мавқеъ буд.
Тибқи нишондоди ФИФА яккачини Тоҷикистон бо 1151,1 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белгия бо 1783,38 имтиёз пешсаф аст.
Зинаи дуюмро Фаронса (1757,3 ) ва сеюмро Бразилия ( 1742,65) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст
Ба даҳгонаи тимҳо Португалия, Испания, Аргентина, Италия, Уругвай, Дания ворид шуданд.
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Омодагӣ ба Ҷоми Ҷаҳон: мунтахаби Тоҷикистон дар Ироқ бозии дӯстонаашро мусовӣ кард
Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 509,34 имтиёз дар зинаи 28-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1515,85) ва дар ҷойи 24-ум аст.
Дастаи мунтахаби Русия бошад бо 1462,65 имтиёз дар зинаи 38 нишастааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз ҳама Ӯзбекистон буда дар ҷойи 86-ум ва пас аз он Қирғизистон дар зинаи 98 ҷой гирифтаанд. Қазоқистон бошад, поинтар аз Тоҷикистон дар ҷойи 124 ва Туркманистон дар маҷоми 130 нишастааст.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала