Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Сибир" парвозҳояшро ба Тоҷикистон пурра барқарор кард

Аэропорт Домодедово  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Ширкати "Сибирь" ё S7 изҳор дошт, ки тамоми хатсайрҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар шакли муқаррарӣ аз сар гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Ширкати русии "Сибирь" S7 изҳор дошт, ки масъалаи иҷозати хатсайрҳо дар Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шуд.
"Ширкати S7 ба Тоҷикистон бо низоми муқаррарӣ парвоз мекунад", - изҳор доштанд аз хадамоти матбуоти ширкат ба РИА Новости.
Пештар намояндаи S7 изҳор дошта буд , ки ҳангоми гирифтани иҷозати парвоз ба Тоҷикистон ба мушкилӣ дучор шудааст.
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ултиматум ё зарурат: чаро тоҷиконро ба Қирғизистон роҳ надоданд
Ёдрас мешавем, Агентии ҳавоии Тоҷикистон далели надодани иҷозатномаи парвоз ба чанд ширкат - гаронии арзиши чипта дар кишвар унвон карда буд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз мудири Агентии авиатсияи ҳавоии Тоҷикистон Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки чор ширкати ҳавоии Русия - "Сибирь", "Ямал", "Уральские авиалинии" и UTair расман ва дар шакли хаттӣ розигӣ доданд, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд.
Ба ширкати "Северный ветер" бошад, ин иҷозатнома дертар дода шуд, зеро ба гуфтаи раиси агентӣ, онҳо мактуби расмиашонро, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд, дертар дастрас карданд.
"Сибирь" аз Душанбе ва Кӯлоб ба Новосибирск, Астрахан, Кемерово, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала